28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Беморхонаи шаҳри Роғун бо таҷҳизоти тиббӣ ва 2 адад мошини ёрии таъҷилӣ таъмин гардид

346
Бо мақсади пешгирӣ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нав COVID-19 аз ҳисоби буҷети шаҳри Роғун ва ҷалби соҳибкорону саховатмандон беморхона ва шуъбаи сироятии шаҳр бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин гардида, 2 адад мошини ёрии таъҷилӣ харидорӣ шуд, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари таҷҳизот ва автомашина, табибон ва кормандони муассисаҳои тандурустӣ низ бо маводи ғизоӣ ва беморон ва шахсони дар карантин қарордошта бо маводи зарурӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд.

То имрӯз аз ҳисоби соҳибкорон ба маблағи умумии 669 ҳазору 600 сомонӣ ба соҳаи тандурустии шаҳри Роғун кумак карда шудааст, ки аз иқдоми неки соҳибкорони ватанӣ дарак медиҳад.

Ҳоло саҳми табибон ва ҳамшираҳои тиб дар пешгирӣ ва табобати коронавирус назаррас буда, онҳо шабу рӯз бар зидди ин беморӣ мубориза бурда истодаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво