26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАРАХТ БИНШОН. Дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар Вахш беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд

289
Дар мавзеи партовгоҳи заҳрхимикатҳои ҷумҳуриявии ноҳияи Вахш беш аз 3 000 бех ниҳоли дарахтони сояафкани ба иқлими гарм ва камоби ин минтақа тобовар шинонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин тадбир бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд дар мавсими ниҳолшинонӣ бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити атроф андешида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, кормандони соҳа аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, ихтиёриёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» аз шаҳри Душанбе ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Шинонидани ниҳолҳо бо тартибу риояи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон ба роҳ монда шуда, барои таъмини нигоҳубини минбаъдаи онҳо аз масофаи 5 км хатти об кашонида шудааст.

ДАРАХТ БИНШОН. Дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар Вахш беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд

Тавре масъулин иброз намуданд сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда метавонад ба таъмини беҳдошти муҳити зист ва зебоии ин мавзеъ мусоидат намояд.

Бо ташаббуси Кумита баҳри ҳифзу беҳдошти муҳити атроф тавассути сабзазоркунӣ ҳамасола чунин тадбирҳо андешида шуда, дар баробари шафати роҳҳо, боғу гулгаштҳо, оромгоҳҳо, ҳамзамон дар ҳудуди чунин мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда низ ниҳолони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво