29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар Тоҷикистон беш аз 1,2 миллион бех ниҳолҳо шинонида мешаванд

260
Дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунии тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат шинонидани беш аз 1 миллиону 28 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда ба нақша гирифта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи гузориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода, ки имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод садо дод, дар фасли тирамоҳи соли гузашта дар мамлакат зиёда аз 122 ҳазор ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида шудааст. Аз он 27 ҳазору 539 бех ниҳолҳои сояафкан, 91 ҳазору 644 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва беш аз 14 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда мебошанд.

Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти мамлакат гуфт, ки бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 3,8 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шуда, дар масоҳати зиёда аз 13,4 метри мураббаъ майса кишт гардидааст.

Дар ҳудуди пойтахт, хусусан дар мавзеъҳои сайру гашти сокинон ва боғу гулгаштҳо зиёда аз 3,3 миллион гулҳои мавсимии ороишӣ ва қариб 80 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони ҳамшасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шудаанд. Нигоҳубини ниҳолу дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда зери назорати қатъии Кумита ва мақомоти зертобеи он қарор дорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво