29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Душанбе иқдоми «Тозагии маҳал» доир карда мешава

435
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат иқдоми «Тозагии маҳал»-ро роҳандозӣ кардааст.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ба мо иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин иқдом тақвият додани корҳои ободонӣ, тоза намудани кӯчаву хиёбон ва таъмини беҳдошти муҳити зист дар шаҳраку маҳаллаҳо мебошад.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз пайваста аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт чунин иқдом роҳандозӣ шуда, ба он сокинони маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.

Тибқи маълумот, то имрӯз беш аз 19 ҳазору 450 нафар ба ҳамоиши «Тозагии маҳал» ҷалб карда шудаанд. Инчунин ба ин амали экологӣ 81 техника сафарбар гардида, 160,5 тонна партовҳо ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тозаю озода намудани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо пайваста чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво