12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо сарварони ширкатҳои сайёҳии Миср мулоқот намуд

880
Дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Берлин дар сиғаи B2B ва B2G бо роҳбарони ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мисри Араб дар бахши сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, роҳбарияти Донишгоҳ бо раиси Шӯрои директорони шабакаи меҳмонхонаҳои «JAZ Hotel group», менеҷерони генералии ширкатҳои «Gasbar Travel» ва «Exclusive Holidays»-и Ҷумҳурии Мисри Араб мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни гуфтушунид мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо минбаъд донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосу самтҳои марбут ба таҷрибаомӯзӣ ва табодули таҷриба ба кор фаро гиранд.

Ҳамзамон дар ҳошияи «ITB Berlin-2023» вохӯрии роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳии олмонӣ баргузор гардид.

Дар он масоили вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони бахши сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ баррасӣ карда шуд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво