28 феврал 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон ҳамкорӣ таҳким меёбад

627
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон ҳамкорӣ таҳким меёбадМасъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон зимни мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва ноиби президенти Донишгоҳи рушди устувори Эберсвалдеи Олмон дар шаҳри Берлин баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Мусоҳибон самтҳои омодасозии муштараки кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳӣ, зеҳни сунъӣ, IT-хизматрасониҳо, бизнес-маъмуриятчигӣ ва амсоли инро дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) баррасӣ намуданд.

Инчунин вобаста ба ташкили чорабиниҳои илмии муштарак, тақвияти фаъолияти паркҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳо, инчунин ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии олимону муҳаққиқон байни ҷонибҳо гуфтушунид сурат гирифт.

Ҳамзамон байни ҷонибҳо муқаррароти асосии созишномаи ҳусни тафоҳум мувофиқа карда шуд, ки дар доираи он табодули академии донишҷӯëн, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон аз рӯйи самтҳои болозикр дар доираи санадҳои меъëрии ҳуқуқии соҳаи маорифи ҷонибҳо ба роҳ монда мешавад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво