18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Донишҷӯёни Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар Академияи сайёҳии Арабистони Саудӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд

127
Донишҷӯёни Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар Академияи сайёҳии Арабистони Саудӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешавандАкадемияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тибқи шартномаи ҳамкорӣ ҳамасола имкон дорад, ки чор бурсия барои донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад. Ин матлабро намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ зимни мулоқот бо Ректори ДБССТ Убайдулло Асрорзода иброз дошт.

Тавре аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 15 июни соли равон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Халид ал-Сувалайҳ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дидан намуданд.

Зимни мулоқоти Ректори ДБССТ, профессор Убайдулло Асрорзода бо меҳмонон, ҷонибҳо масоили мубрами омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намуданд.

Донишҷӯёни Донишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар Академияи сайёҳии Арабистони Саудӣ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд


Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир ба масоили болозикр ба мувофиқа расиданд.

Инчунин масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима карда шуд.

Халид ал-Сувалайҳ аз профессор Убайдулло Асрорзода Саттор даъват ба амал овард, ки дар вақтҳои барояшон мувофиқ ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, аз Академия дидан намоянд.

Дар интиҳои вохӯрӣ туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон тақдим карда шуд.

Меҳмонони олиқадр бо шароити муосири омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ошноӣ пайдо намуда, ба пойгоҳӣ моддӣ-техникии Донишгоҳи мазкур баҳои баланд доданд.

Акс: ДБССТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво