19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Ҳайдарободи Ҳиндустон муаррифӣ гардид

481
Дар оянда Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон тақвият медиҳад. Далели ин- ба имзо расидани шартномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мебошад.

Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки санади ҳамкорӣ дар доираи баргузории конфронси IV муштараки байналмилалии сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар шаҳри Ҳайдаробод доир гардид, ба тасвиб расид.

Дар конфронс намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда, дастовардҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро зимни маъруза муаррифӣ намуданд.

Конфронс бо ташаббуси Донишкадаи миллии сайёҳӣ ва идоракунии меҳмондории шаҳри Ҳайдаробод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо иштироки беш аз 150 меҳмони хориҷӣ ва вазири сайёҳии Ҳиндустон баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво