27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳамкории мутақобила омили асосии паст намудани сатҳи коррупсия мегардад

113
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳамкории мутақобила омили асосии паст намудани сатҳи коррупсия мегардадАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷумҳурӣ ҳамкории байналмилалиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ба таври дахлдор ба роҳ мондааст. Дар ин хусус 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Агентӣ соли 2022 бо мақомоти салоҳиятдори мубориза бо коррупсияи давлатҳои Фаластин, Беларус ва Озарбойҷон ду Созишномаи ҳамкорӣ ва як Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид.

Ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум ва созишномаҳо- муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.

Ногуфта намонад, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоиву иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Мавҷудияти коррупсия, паҳншавӣ ва афзудани он сутуни давлатдориро заиф гардонида, обрую нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мегардонад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво