24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Фаластин ҳамкориро дар муқовимат ба коррупсия тақвият мебахшанд

246
Тоҷикистон ва Фаластин ҳамкориро дар муқовимат ба коррупсия тақвият мебахшандИмрӯз дар шаҳри Душанбе байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионии Давлати Фаластин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар муқовимат ба коррупсия ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Санади мазкурро Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Раиси Комиссияи зиддикоррупсионии Фаластин Роид Муҳаммад Радван имзо намуданд.

Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки Агентӣ ҳамеша ҷонибдори ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муқовимат бо коррупсия буда, ба имзо расонидани ёддошти мазкур заминаи мусоид барои рушди ҳамкории минбаъда бо Давлати Фаластин мебошад.

Тоҷикистон ва Фаластин ҳамкориро дар муқовимат ба коррупсия тақвият мебахшанд


Мавриди зикр аст, ки ҳадафи имзои ёддошти тафоҳум муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи муқовимат ба коррупсия буда, барои андӯхтани тарҷибаҳои илмӣ-амалӣ дар ин самт равона гардидааст.

Ҳайати Фаластин ҳамзамон бо дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона, толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ ва шароити фаъолияти кормандони Агентӣ шинос гардид.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво