19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон омода аст дар муқовимат ба коррупсия бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад

456
Тоҷикистон омода аст дар муқовимат ба коррупсия бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад. Ин нукта дар шаҳри Ҷидда зимни вохӯрии якуми роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия аз ҷониби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар Сулаймон Султонзода тазаккур дода шуд.

Вохӯрии мазкур 20-21 декабр бо мақсади қабули Конвенсияи Макка оид ба ҳамкорӣ миёни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор мегардад.

Дар он дар баробари намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмон ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сулаймон Султонзода иштирок дорад.

Директори Агентӣ доир ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар сухан гуфта, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.


«Кишвари мо омода аст бо созмону ташкилоти байналмилалие, ки дар самти муқовимат ба падидаи манфур фаъолият мебаранд, ҳамкории судманд ба роҳ монад», — таъкид кард ӯ.

Дар фарҷом иштирокчиён вохӯриро имкони хуб барои ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти муқовимат ба коррупсия ва барқарор кардани робитаҳои корӣ бо мақомоти дахлдори кишварҳои узви Созмон маънидод намуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво