7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд

496
Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024 ба имзо расонидандТоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат.

Нақшаи мазкур 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Раҳимов ба имзо расид.

«Ҷонибҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин замина нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расониданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.

Таъкид гардид, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар фарҷом ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво