27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода пули мошингузар ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода шуданд

250
БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода пули мошингузар ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода шуданд Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода пули мошингузар ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Дар деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо ибтикор ва маблағгузории раиси маҳалла, соҳибкори ҷавон Бахтовар Калонов ва дастҷамъии аҳли деҳа пули мошингузар бо дарози 22 метр ва паҳноияш 2.2 метр, ки деҳаҳои Даҳбед ва Зарнисорро ба ҳам мепайвандад, сохта ба истифода дода шуд.

Пули мошингузар бо харҷи беш аз 120 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар баробари воситаҳои нақлиёт ба гаштугузори аҳолӣ, бахусус мактаббачагон хизмат мерасонад.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки сохтмони он дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода бо тарҳи замонавӣ ба анҷом расид, акнун ба аҳолии шаҳру минтақа ва меҳмонону мизоҷон хизмат менамояд. Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби соҳибкор Диловар Бобомуродов сохта ба истифода дода шуда, дар ин макон 15 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ 54 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 5 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 23 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ оғоз гардидааст ва аксари иншоотҳои онҳо дар арафаи анҷомёбист.



АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво