24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҳисор пули мошингузар, маркази омӯзиши забонҳо ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд

183
Дар Ҳисор пули мошингузар, маркази омӯзиши забонҳо ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
Дар доираи таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ босуръат идома дорад. Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар деҳаҳои Ҳуҷум ва Себистони Ҷамоати деҳоти Навобод мағозаи хӯрокворӣ ва гармхона барои парвариши лимон ва сабзавоти барвақтӣ дар майдони 0,8 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Инчунин дар деҳаи Ғайратобод анбори орд бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот, нонвойхона, нуқтаи хӯрокҳои тезтайёр ва маркази омӯзиши забонҳо барои таълими забонҳои хориҷии русӣ, англисӣ, олмонӣ, франсузӣ ва хитоӣ, дар деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон мағозаи хӯрокворӣ, сартарошхона ва дӯкони равғанкашӣ, дар деҳаи Даҳбед нуқтаи шустушӯи мошинҳо ва пули мошингузар дар деҳаи Равшандилони ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ба истифода дода шуданд.
Дар Ҳисор пули мошингузар, маркази омӯзиши забонҳо ва дигар иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
Бояд тазаккур дод, ки иншооти ҷашнӣ дар маросими ботантана мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пирони рӯзгордида аз хизматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат ба халқу Ватан дар таъмину таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати комил, иқдомҳои созанда дар рушди мамлакат, саҳми мустақим дар ҳалли масъалаҳои глобалии сиёсиву экологии ҷаҳон ва бо ҳамин васила афзудани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар маҷмӯъ беш аз 700 иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд, ки теъдоди зиёди он аллакай мавриди барҳрабардорӣ қарор дода шудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво