20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкор пули мошингузар бунёд намуда, мушкили 7 ҳазор аҳолиро осон менамояд

255
То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон якчанд иншооти ҷашнӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода мешаванд. Бунёди Маркази саломатии деҳаи Себзор ва сохтмони пули мошингузар дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикати Шаҳристон аз ҳамин ҷумлаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардид. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки маркази саломатӣ бо фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва ҷалби соҳибкорону аҳолӣ сохта шуда, сохтмони он соли 2018 оғоз гардидааст. Лоиҳаи иншоотро Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар ноҳияи Шаҳристон омода намудааст.

Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ва харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба роҳбарони ноҳия супориш дод.

Дар ноҳияи Шаҳристон бо ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорону саховатмандон бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ босуръат идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Ободии Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо саҳми соҳибкор Анорқул Ҷӯраев пули мошингузар сохта шуда истодааст. Ҳар сол бо оғоз гардидани мавсими бориш ҳаракати нақлиёт дар ин деҳа душвор гардида, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби баланд шудани сатҳи оби сой ҳаракат қатъ мегардид. Соҳибкор тасмим гирифт, ки бо мақсади осон намудани мушкилии 7 ҳазор нафар аҳолии деҳаҳои Ободӣ, Суғдиён ва атрофи он пули мошингузар бунёд созад.

Лоиҳаи пули нав аз ҷониби ҶДММ «Проект Инвест» таҳия гардидааст. Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои кори хайр миннатдорӣ изҳор намуда, ба роҳбарони ноҳия барои беҳсозии ҳолати роҳҳо ва таъмиру навсозии пулҳои мошингузар дастур дод.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво