26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АМАЛҲОИ МУШТАРАК БАР ЗИДДИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ. Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи Фаронса иштирок дорад

438
28 ноябр дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса конференсияи ҳарсолаи роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерпол дар мавзӯи «Амалҳои муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ» оғоз гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Анварҷон Ализода, сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

28 ноябр дар ҷараёни конференсияи мазкур аз ҷониби мутахассисони Котиботи генералии Интерпол мавзӯъҳои «Баланд бардоштани самаранокӣ: аввалан маълумот”, «Роҳ ба биометрияи нав”, “Имконият ва парвандаҳои оқилона”, “Набудани пойгоҳи додаҳои ДНК-и инсон ва беҳтар кардани сифат ва миқдори маълумоти биометрӣ” ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Зимни конференсия музокираю мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокдорон оид ба тақвияти имконияти полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти кории ин созмон тааллуқ доранд, фикру ақидаҳояшонро иброз доштанд.

Конференсияи мазкур то 30 ноябр идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ медиҳем.

Акс: ВКД ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво