25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» — Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд

422
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар кори конференсия намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, прокуратураи вилояти Суғд ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода баргузории конференсияи ҷумҳуриявиро муҳиму саривақтӣ унвон намуд.

Зимни конференсияи илмӣ аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат бо коррупсия», «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат», «Зарари коррупсия ба субот ва амнияти ҷомеа», «Мафҳуми коррупсия аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ», «Коррупсия чун зуҳуроти таҳдидкунанда ба амнияти давлатӣ» ва «Муборизаи қатъӣ ба амалҳои коррупсионӣ-шарти муҳими зиндагии шоиста» манзур гардиданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо кардани коррупсия дар ҷомеа мубориза бо ин зуҳурот ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа табдил ёфтааст.

Зимни конференсия гуфта шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки дар ин самт ҳар шаҳрванд ва тамоми аҳли ҷомеа бояд бетараф набошанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво