25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар Душанбе 200 дарахти сояафкан ва ҳамешасабз шинониданд

363
Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба иқдоми пешниҳоднамудаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт маъракаи ниҳолшинонӣ доир намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Дар маъракаи ниҳолшинонӣ тамоми ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Ҳадамоти мазкур полковники милитсия Анварҷон Ализода иштирок намуда, онҳо дар хиёбони Неъмат Қарабоеви пойтахт зиёда аз 200 дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинониданд»,-афзуд манбаъ.

Кормандони Хадамот изҳор доштанд, ки ин иқдоми хайрхоҳонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардонидани он ҳар кадомашон дар назди манзили истиқоматии худ як дарахти ҳамешасабз ва ё мевадиҳанда мешинонанд.

Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» Анварҷон Ализода барои нигоҳдорӣ ва талаботи нигоҳубини дарахтони шинонидашуда ба кормандони дастгоҳи марказии Хадамот як зумра маслиҳатҳои муфид дода, таъкид кард, ки бехҳои дарахтонро ба таври доимӣ нарм гардонида, дар ҳолати набудани боришот ба таври сунъӣ обёрӣ карда шаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво