26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон дар ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» ҷиҳати мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ пешниҳодҳои судманд манзур намуд

275
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ якчанд таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи баргузории ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҳузур дорад, дар қатори баррасии мавзӯъҳои муҳими байналмилалӣ бо ҳайатҳои гуногуни давлатҳои аъзои ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Чин, Кореяи ҷанубӣ, Колумбия, Сингапур, Узбекистон мулоқоту мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зикр карда шуд, ки дар ҷараёни вохӯриҳо сардори Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев, муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ ва ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими БММ «Интерпол»-и ВКД Амонулло Абдуллоев иштирок намуда, масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Дар хотимаи ҳар вохӯрӣ ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ҷиҳати рушду густариш ёфтани ҳамкорӣ изҳори боварӣ намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия 22 ноябр оғоз гардида, 25 ноябр ба анҷом расид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво