26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи навбатии сайёри раисони парлумони давлатҳои узви СААД дар Душанбе баргузор мешавад

439
Моҳи майи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии сайёри раисони парлумони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД, ки 5 ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор гардид, қарори дахлдор қабул шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи сайёри навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров иштирок намуд.

«Баргузории ҷаласаи мазкур далели равшани ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СААД буда, ғояи асосии онро муттаҳидӣ ва якдигарфаҳмӣ ташкил медиҳад»,- зикр намуд Шукурҷон Зуҳуров.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур раисони парлумонҳои давлатҳои узви созмон масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд.

Раиси кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир Шаманов оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Комиссияи доимии ин Созмон оид ба мудофиа ва амният, ки 28 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, сухан карда, ба ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд муҳайё намудани шароити мусоид изҳори минатдорӣ кард.

Иштирокчиёни масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро баррасӣ ва оид ба онҳо қарори дахлдор қабул намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво