29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сарони давлатҳои СААД дар Маскав перомуни вазъияти имрӯзаи ҷаҳон табодули афкор мекунанд

1095
Дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии (ШАД) Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок менамояд.

Ба Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ сарони давлатҳои аъзои СААД - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян раиси ШАД СААД дар давраи байниҷаласавии соли 2015 - 2016 мебошад. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар ҳайати махдуд ва дар қолаби ҷаласаи умумӣ баргузор мешавад.

Сарони давлатҳо дар бораи вазъияти ҷории ҷаҳон табодули афкор намуда, масоили асосии амнияти байналмилалӣ ва иқдомоти эҳтимолии СААД барои ҳалли онҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд. Дар назар аст, ки сарони давлатҳои аъзои СААД Изҳорот дар бораи муқовимат ба терроризми байналмилалиро қабл намуда, қарорҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ марбут ба ҷойивазкунии мансабдорони мақомоти кории доимоамалкунандаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба имзо расонанд.

Худи ҳамин рӯз дар Маскав таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор гардида, дар ҷараёни он роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ масоили рӯзномаи иҷлосияи пешорӯи Шӯрои амнияти дастаҷамъиро баррасӣ менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво