25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Афғонистон муборизаро бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ тақвият мебахшанд

208
Ду давлати ҳамҷавор –Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориро дар бахши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб тақвият мебахшанд. Ин дар ҳолест, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо Вазири умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт дар Душанбе мулоқот намуд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақаю ҷаҳон ва дигар масоили мубрам табодули афкор сурат гирифт.

Зикр гардид, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вазири умури дохилии Афғонистон Ҳаятулло Ҳаёт ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваффақият таманно намуд.

Мусоҳибон изҳори умед намуданд, ки муносибатҳо байни ниҳодҳои қудратии ду давлат минбаъд низ густариш ва тақвият хоҳанд ёфт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво