26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот баргузор гардид

133
Дар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот баргузор гардидДар доираи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон бо ибтикори Раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Челябинск «Сомониён» Исломуддин Раҷабов дар Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ бо роҳбарияти донишгоҳ ва донишҷӯёни он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ Абдусаттор Фаттозода ва муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ сухан гуфтанд.

Ректори Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ Светлана Черепухина дар суханронии худ ба ҷанбаҳои гуногуни раванди мутобиқшавӣ ва ҳамгироии донишҷӯёни макотиби олии маҳаллии Россия аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳои муносибатҳои ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ миёни донишҷӯён, таҳсил ва меҳнат дар вилояти Урали Ҷанубии Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.


Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 18 ноябр дар шаҳри Челябински Федератсияи Россия таҳти унвони «Воқеияти нав – расонаҳои нав» Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон баргузор гардид, ки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок намуданд.

Форум ба таҳкими ҳамкории ҷавонони Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, дар доираи он 50 нафар кормандони ВАО аз Россия ва Тоҷикистон дар дарсҳои маҳорат, вохӯриҳо ва суханронӣ оид ба масъалаҳои мубрами кор бо захираҳои ВАО ширкат варзиданд.

Акс: ВКД ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво