20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021» шурӯъ шуд

227
19 май дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон Нуҳумин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Таҳсилоти Россия-Тоҷикистон-2021” бо иштироки намояндагони 26 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Россия оғоз шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар намоишгоҳ муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А.Добролюбов, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии Тюмен, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии нақлиёти Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии Комсомолски лаби Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи давлатии Кемерово, Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА — Донишгоҳи технологии Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии техникии Кузбасс, Донишгоҳи давлатии миллӣ-таҳқиқотии Мордовия ба номи Н.П.Огарева, Донишгоҳи давлатии политехникии Россияи Ҷанубӣ ба номи М.И. Платова, Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Россия, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Томск, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Кавкази Шимолӣ (Донишгоҳи давлатии технологӣ) ва 4 филиали донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон фаъолияткунанда иштирок намуданд.

Қабл аз оғози намоишгоҳ-ярмарка дар толори калони Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар мулоқот доир гардид, ки дар он Д. Қодирзода– муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шведсов П.А. – муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничиества»-и Федератсияи Россия, Иванов И.С. -директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничества» дар Душанбе ва Бурлко И Е. – котиби якуми Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво