24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Рамазон Раҳимзода ва Валентина Казакова ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуданд

153
Имрӯз вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-лейтенанти политсия Валентина Казакова Лвовна баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ҷонибҳо раванди ҳамкориро дар соҳаи танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, пешгирии афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва номуташаккил, ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкили механизм барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба вазъи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва қонунигардонии буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсиия Россия гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

АКС аз Вазорати корҳои дохилӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво