26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вазорати адлия оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш доир шуд

110
Дар Вазорати адлия оид ба нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш доир шуд28 октябр дар Вазорати адлияи мамлакат бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ» ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур.

Дар ҳамоиш Вазири адлия Музаффар Ашуриён вобаста ба муҳтаво ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Ӯ иброз дошт, ки маҳз ба туфайли қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ низоми нави давлатдории тоҷикон бунёд шуда, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки имрӯзҳо мардуми тоҷик ба он мушарраф гардидаанд, бо шарофати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ муяссар гардидааст.

Сипас, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иззатулло Маҳмудов дар мавзӯи «Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ» ва Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — асоси инкишофи қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол» маърӯза карданд.

АКС: Вазорати адлияи ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво