«РОҲБАРИ МАРДУМӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд![]() ![]() Ин матлаб 28 октябр зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-амалии академиявӣ таҳти унвони «Роҳбари мардумӣ» ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ баён шуд. Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуда буданд, ки «ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён доир ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии мамлакат маърӯза намуданд. АКС: Академияи идоракунии давлатӣ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |