6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Хадамоти гумрук доир ба нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш баргузор шуд

187
Дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар Хадамоти гумрук доир ба нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- собиқ Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Худойқул Ҳамроқулов ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева иштирок намуда, доир ба аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар роҳи ҳифз ва рушди пояҳои давлатдории миллӣ буд. Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими иҷлосия дар радифи таъмини сулҳу субот ва амният- барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар буд.

Маҳз бо даъвати Иҷлосияи сарнавиштсоз дар мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат таъсис дода шуд. Он дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад. Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар анҷоми ҳамоиш Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода иштирокдорони иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ- Рафиқа Мусоева ва Худойқул Ҳамроқуловро бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук» сарфароз гардонид.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво