23 феврал 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-саҳифаи заррини таърихи тоҷикон

772
Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- саҳифаи заррини таърихи тоҷикон»- таҳти чунин унвон ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, конференсия бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони иҷлосия, шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадорони меҳнат, фаъолон, устодони донишгоҳҳои олӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр дошт, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Ӯ афзуд, ки барои таъмини сулҳ ва барқарор намудани инфрасохтори давлат дар ин иҷлосияи тақдирсоз дар маҷмӯъ 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозиданд.

Иштирокчиёни фаъоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Ғаффорхон Муҳиддинов ва Бойпоччо Фатҳиддинов аз зарурати баргузории Иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд ёдовар шуда, гуфтанд, ки “дар кори Иҷлосия яке аз фаъолтарин вакилон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он кас дар такя бо далелу арқоми ҷолиб пешниҳодҳои хуб мекарданд, суханҳои боҳарорат мегуфтанд, масъулиятнокиашон куллан аз дигарон фарқ мекард. Аз ҳамон вақт эҳсос мешуд, ки дилашон барои ин миллату халқ сахт месӯзад”.

Дар конференсия инчунин Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва раиси созмони ҷавонони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҷамшед Масаидов сухан намуданд. Аз ҷумла, Ҷамшед Масаидов зикр кард, ки таҷлили 25- солагии Иҷлосия ба соле рост омадааст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидааст. “Иқдоми Сарвари давлат мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки аз нақши таърихии ин Иҷлосия бештар огоҳ бошем ва қадру арзишҳои онро хубтар дарк намоем”,- гуфт Ҷ. Масаидов.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво