Дар Риёз бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид![]() ![]() Сафири Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни сухани табрикии худ роҷеъ ба арзишҳои волои истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлол таҳти раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар маълумот дод. Зикр гардид, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Акс: ВКХ ҶТ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |