26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор шуд

121
Ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор шудДар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ баррасӣ карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷаласа муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Тоҷикистон Мирзо Ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, арзёбии сатҳи он дар соли 2021, такмили усули муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти фаъолияти Шӯро баррасӣ гардиданд.

Қарор карда шуд, ки фаъолияти Шӯро оид ба муайян намудани сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёнаи аҳолӣ бо назардошти ҳадафу афзалияти миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор тақвият дода шавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво