26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи «Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» ба тендер бароварда мешавад

1051
Лоиҳаи «Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» ба тендер бароварда мешавад
— 19 марти соли равон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи чоруми ғайринавбатии Шӯро баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарият ва аъзои Шӯро иштирок намуданд. Ба ҳайати Шӯро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси Шӯро, аъзои Шӯро – роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» – котиби Шӯро шомиланд.
Дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ба тендер баровардани лоиҳаи «Сохтмони хатти интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ гирифт.
Аз тариқи тендер амалӣ намудани лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки шарики эҳтимолии хусусии беҳтарин интихоб гардида, шафофияти ҷараёни мазкур таъмин карда шавад.
Амалишавии лоиҳаи мазкур дар рушди инфрасохтори МОИ «Данғара» ва таъмини субъектҳои минтақа бо қувваи барқи доимӣ саҳмгузор буда, барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ мусоидат менамояд.
Аз рӯи масъалаи мазкур ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, лоиҳаи “Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ “Данғара” байни аъзои Шӯро мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.
Вобаста ба ин, Шӯро қарори дахлдор қабул намуд ва лоиҳаи мазкур минбаъд аз тариқи тендер амалӣ мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво