17 июн 2019, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Мулоқоти Д. Саид бо соҳибкорони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Варзоб

619
«Ба Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 70,0 млн сомонӣ ҷудо гашта, ба 21 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Инчунин ҷудо намудани 120 млн. сомонӣ дар соли 2016 ба нақша гирифта шудааст». Ин нуктаро 2 марти соли равон муовини якуми сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар мулоқот бо соҳибкорони шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияҳои Файзободу Варзоб изҳор дошт.
Вай афзуд, ки аз лоиҳаҳои дастгиринамудаи «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», 4 лоиҳа ба маблағи 2 миллиону 960 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Ваҳдат, 2 лоиҳа ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Файзобод ва 2 лоиҳа ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Варзоб рост меоянд.
Муовини якуми сарвазири мамлакат зикр намуд, ки бо ибтикору дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди сиёсати давлатии дастгирии соҳибкорӣ, рушди муколама ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самтҳои стратегӣ корҳо идома ёфта истодаанд.
Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ тадриҷан афзоиш ёфта, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ 275 ҳазору 653 субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 32 ҳазору 380 субъект ва ё 11,7 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 10 ҳазору 929 субъект ба шаҳри Ваҳдат рост меояд, ки нисбат ба соли 2014, 10,9 фоиз зиёд аст, 3 670 субъект ба ноҳияи Файзобод, нисбат ба соли 2014-ум 6,6 фоиз , 1 309 субъект ба шаҳри Роғун, нисбат ба соли 2014-ум 3,7 фоиз, 1 268 субъект ба ноҳияи Варзоб рост меояд, ки нисбат ба соли 2014-ум 8,5 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ дар мамлакат аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарздиҳӣ ба маблағи 11 млрд. 216 млн. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 12,3 фоиз нисбат ба соли 2014-ум зиёд мебошад.
Аз ин ҳисоб ба шаҳри Ваҳдат 140 миллиону 959,9 ҳазор сомонӣ,
ноҳияи Файзобод 33 миллиону 220,2 ҳазор, шаҳри Роғун 7 миллиону 332,5 ҳазор ва ноҳияи Варзоб 33 миллиону 742,7 ҳазор сомонӣ қарзҳо ҷудо шудаанд.
Дар даврони Истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.
Дар шаҳри Ваҳдат 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар доираи он 2,93 млн. доллари ИМА, ноҳияи Файзобод 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,3 млн. доллари ИМА, шаҳри Роғун 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 228,5 ҳаз. доллари ИМА ва дар ноҳияи Варзоб 2 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешаванд, ки дар доираи онҳо 20,4 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.
Бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав як зумра имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳо барои соҳибкорон муқаррар карда шудаанд.
Аз ҷумла, дар баробари имтиёзҳои умумии андозӣ, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Корхонаҳои навтаъсисе, ки бо коркарди пурраи нахи пахта ва маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, хоҷагиҳои парандапарварӣ, корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво тибқи маблағҳои ба фонди оинномавии онҳо воридгардида, ба муҳлати 12 сол аз пардохти андозҳои пешбинишуда озод мебошанд.
Ҳамзамон тағйироти зарурӣ ба Кодекси андоз барои зиёд намудани маблағи ҳадди ақали гардиши молиявии корхонаҳои тибқи низоми содакардашудаи андоз фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 миллион сомонӣ зиёд ва табдил додани андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ дар назар аст.
Содагардонии расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот, воридот ва транзити молу воситаҳои нақлиёт қисми муҳими ислоҳоти иқтисодӣ мебошад.
Дар мулоқот ба суолҳои сершумори соҳибкорон ҷавобҳои муфассал дода шуд. Дар мулоқот ҳамчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва роҳбарони як силсила вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво