19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қурғонтеппа: Омодагӣ ба ҷашнҳои баҳорӣ

987
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Қурғонтеппа Шӯрои ғайринавбатии занонро баргузор намуд. Дар баробари аъзои Шӯро занони фаъол, вакилони шаҳрӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ низ иштирок намуда, масъалаи омодагиҳоро ба Рӯзи модар- 8 март, Иди байналмилалии Наврӯз ва баргузори фестивали «Сайли гули лола» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи нақшаи кории бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр масъалаи дигаре, ки дар Шӯро матраҳ гардид, ин гузаронидани иқдоми «Шаҳри Қурғонтеппа- хонаи ободи ман» буд. Ҳадафи иқдоми мазкур баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ, аз остонаи хонаи худ сар карда, саҳм гузоштан дар тозагиву ободонии шаҳр аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво