16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Дарвоз мусоидат менамояд

177
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳияи Дарвоз мусоидат менамояд Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025, ки мавриди амал қарор дорад, ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Ин матлаб 6 август зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, дар татбиқи барномаи мазкур 106 чорабиниҳо ба маблағи 405,3 млн сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 26,8 млн сомонӣ ё 6,6 фоиз, буҷети маҳаллӣ- 860 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз), бахши хусусӣ- 4,9 млн сомонӣ (1,2 фоиз), буҷети вилоятӣ- 4,7 млн сомонӣ (1,1 фоиз) ва аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 364,8 млн сомонӣ (90,0 фоиз) пешбинӣ шудааст.

Татбиқи бомарому самараноки барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро барои давраи дарозмуҳлат муайян намуда, барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, инфросохтори замонавӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия заминаи мусоид мегузорад.

Дар мулоқот масъалаи тақвият додани ҳамкорӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво