6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баррасии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи он дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ

1027
Вобаста ба баррасии натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ дар хусуси арзёбии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи он дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Шоқурбонов хабар дод.
«Дар қатори дигар хатарҳо, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ба давлатҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира ба ҳар як узви ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад»,-зикр намуд муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод зимни ҷамъомад.
«Дар тадқиқоти сотсиологӣ доираи васеи сокинони кишвар ширкат варзида, фикру ақида ва мавқеи худро вобаста ба сатҳи коррупсия дар шохаҳои ҳокимият, сабабу омилҳои ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои паст кардани он баён намуданд,-иброз дошт сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ.
Дар интиҳои ҷамъомад миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво