26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон баргузор шуданд

124
 Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон баргузор шуданд20 сентябр дар шаҳри Душанбе бар асоси Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷӣ баргузор шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон муҳокима намуданд.

Табодули афкор роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва инчунин масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво