29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд

181
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд9 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Иля Дарчиашвили баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Гурҷистон дар чаҳорчӯби бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба миёни ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба баргузории машваратҳои сиёсии дарпешистодаи вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар сатҳи муовинони вазирон табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, обу энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, сайёҳӣ, инчунин таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мавзӯи баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон оид ба масъалаҳои тиҷорату иқтисод, ки имсол дар Тифлис ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Таъкид шуд, ки ҷаласаи нахустини комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Гурҷистон саҳифаи тозаи равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро боз мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тавсеаи соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, аз ҷумла алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво