Даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид
228
17 май даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Омодагӣ ва рағбати мутақобил ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид. Зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад. Дар фарҷоми машваратҳо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енинро ба ҳузур пазируфт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |