29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вашингтон машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд

215
Дар Вашингтон машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд
1 июли дар Вашингтон дар арафаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка даври ҳаштуми машваратҳои сиёсӣ байни ду кишвар таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва иҷрокунандаи вазифаи Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Дин Томпсон баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машваратҳои сиёсӣ ҳамкории дуҷониба дар чор буъд — сиёсӣ, иқтисодию муҳити зистӣ, амниятӣ ва инсонӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону ИМА дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, илмию фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.

Инчунин табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ сурат гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво