26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор имсол беш аз 20 км роҳ таъмиру таҷдид мегардад

341
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор соли равон мумфарш намудани беш аз 20 километр ва таъмиру таҷдиди даҳҳо километр роҳҳои шаҳраку деҳот дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Ба ин иқдоми шаҳрдорӣ соҳибкорону ҷавонмардони банангу номус ҳамраъй гардида, кӯчаҳои маҳалли зист ва берун аз онротаъмиру таҷдид ва мумфарш менамоянд.

Аз ҷумла, дар кӯчаи ба номи Файзулло Абдуллоеви маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор соҳибкор Нурулло Ҳусейнов иқдом гирифтааст, ки бо фарзандонаш Дилшод ва Шоҳин Ҳусейновҳо кӯчаи мазкурро дар масофаи 1000 метр ва паҳноии 5-7 метр мумфарш намояд.

Зимни корҳои мумфаршкунии кӯчаи ба номи Файзулло Абдуллоеви маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба маҳаллаи мазкур рафта, бо иштироки пирони кор ва сокинони он дар мумфаршкунӣ ва корҳои таъмиркунии қитъаҳои роҳ иштирок намуд.


Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба соҳибкорон ва роҳсозон барои иқдоми ватандӯстона ва хайрхоҳонаашон арзи сипос намуда, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои мумфаршкунии кӯча, ки дар маркази шаҳр мавқеъ гирифтааст, тавсияву маслиҳатҳои судманд дод. Масъулин ва роҳсозон изҳор доштанд, ки мумфаршкунии роҳро дар муддати кӯтоҳ ба анҷом мерасонанд.

Саҳми соҳибкор Нурулло Ҳусейнов дар корҳои созандагиву ободонии шаҳр шоистаи таҳсин буда, дар таҷлили 3000-солагии Ҳисор, 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо бунёди биноҳои муҳташам саҳми арзанда гузоштааст. Соҳибкор бо фарзандонаш тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои наздик роҳҳои маҳаллаи 8-ум ва қисме аз маркази шаҳракро низ аз ҳисоби худ таъмири ҷорӣ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво