20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳаи Ноҷии Болои шаҳри Ҳисор беш аз 5,5 километр роҳ мумфарш мегардад

189
Сокинони деҳаи Ноҷии Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ, ки имрӯзҳо ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён доранд, беш аз 5,5 километр роҳро аз шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор то маркази деҳа мумфарш менамоянд.
Дар деҳаи Ноҷии Болои шаҳри Ҳисор беш аз 5,5 километр роҳ мумфарш мегардад
Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо мақсади иштирок дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Ноҷии Боло ба ин минтақа рафта, бо нақшаи мумфаршкунии роҳ аз шоҳроҳи Душанбе – Ҳисор то маркази деҳа, ки зиёда аз 5,5 километрро ташкил медиҳад, шинос шуд. Дар мавзеи роҳ, ки мумфарш мегардад, техникаҳои роҳсозии ширкати «Роҳи тоҷик», инчунин пирони кор ва ҷавонони деҳа бо белу каланд ғарами асфалти гармро болои роҳ ҳамвор менамуданд.

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эълони соли 2021- Соли роҳҳои обод дар Ҳисор дар деҳоти шаҳр бо дастгирии соҳибкорони бонангу номус ва аҳолӣ роҳҳои ҳудуди деҳаҳо таъмиру таҷдид ва мумфарш мегарданд.
Дар деҳаи Ноҷии Болои шаҳри Ҳисор беш аз 5,5 километр роҳ мумфарш мегардад


Дар меҳвари ин ташаббусҳо дар чор моҳи имсол беш аз 30 километр роҳ дар маҳаллаҳои Белайдуз, Омӯзгор, Ҳамадонӣ ва кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Муҳаммадӣ Сатторови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор, инчунин зиёда аз 10 километр дар деҳаҳои Бағалаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомон мумфарш карда шуданд. Мояи хушнудист, ки ин иқдом пайваста раванди тоза касб карда, пайравӣ ба он ба ҳукми анъана даромадааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво