25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Беш аз 6 км роҳҳои кӯчаи Неъмат Қарабоев ва маҳаллаи Шарқи Ҳисор таъмиру таҷдид мегарданд

463
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор «Соли роҳҳои обод» эълон гардидааст. Дар робита ба он аз ҷониби Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр дар роҳҳои кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва маҳаллаи Шарқи Ҷамоати шаҳраки Ҳисор корҳои таъмиру мумфаршкунӣ оғоз гардиданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода ба маҳаллаи Шарқ омада, пеш аз оғози мумфаршкунӣ ба роҳсозон дастур дод, ки ба сифати таъмир аҳамияти бештар диҳанд. Мумфаршкунии роҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ роҳандозӣ гардида, масофаи беш аз 600 метрро дар бар мегирад. Дар робита ба

ин иқдом ба ҷӯйҳои обпартои ду канори роҳ новаҳои сементӣ хобонда мешаванд, ки кафолати истифодаи роҳро бештару беҳтар месозад. Шаҳрдорӣ ва кормандони Муассисаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки канорҳои роҳро чароғон ва барои пиёдагардон роҳрави бехатар бунёд намуда, атрофи онро бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро диҳанд.

Ҳамчунин ба соҳибони хонаҳои истиқоматӣ ва дӯконҳое, ки дар шафати роҳ ҷойгиранд, дастур дода шуд, ки дару девор, роҳраву даромадгоҳҳои назди биноҳояшонро таъмир карда, ба тартиб оранд ва тозаю озода нигоҳ дошта, дар корҳои ободонии Ватан саҳм гузоранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво