19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ҷамоати деҳоти Сомони Ҳисор беш аз 5 км роҳ мумфарш гардид

217
Сокинони деҳаи Мортеппаи Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ба иқдоми ватандӯстона даст зада, беш аз 500 метрро роҳро бо паҳноии 5-6 метр аз шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода то маркази деҳа мумфарш намуданд. Роҳсозон ин амали некро бо истифода аз техникаву механизмҳои пуриқтидор анҷом доданд, ки он ба кӯчаи деҳа ҳусни нав бахшид.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор эълон шудани соли 2021 чун Соли роҳҳои обод бо амалҳои ояндасози ҷавонмардони бонангу номус ва дастгирии аҳолӣ анҷом дода шуд.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар деҳот ба ин мавзеи мардумаш сарҷамъу ободкор омад. Сокинони деҳа ба раиси шаҳр аз оғози иқдоми неки пешгирифтаашон- мумфаршкунии роҳҳо, тоза сохтани кӯчаю ҷӯйборҳо ва шинонидани гулу ниҳолҳо хабар доданд.

Қобили зикр аст, ки сокинони деҳаи Мортеппа дар Ҷамоати деҳоти Сомон яке аз пешсафони иқдомҳои бунёдкорӣ буда, барои ободонии деҳа садоқатмандона камари ҳиммат бастаанд. Онҳо дастаҷамъона ба ҳашар баромада, атрофи деҳаро, ки дар баландӣ ҷойгир аст, бо санг девор бардошта, бехатар гардониданд. Ҳамчунин чанде қабл симчӯбҳои фарсударо бо пояҳои бетонӣ иваз ва хатҳои барқро пурра таъмир намуданд. Фаъолони деҳа дар идомаи корҳои ободонӣ тасмим гирифтаанд, ки бинои бунгоҳи саломатӣ бунёд намуда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди истифода қарор диҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво