26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Солиёни зиёд зарур аст, ки як осорхона шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намояд

271
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Солиёни зиёд зарур аст, ки як осорхона шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намоядИмрӯз аз соати 18:00 то 23:00 бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон (ОМТ) барномаи байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор мешавад. Дар барномаи имсола 18 маҳфили фарҳангӣ барои гурӯҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа доир мегарданд. Иқдоми баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар Осорхона» ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъриху фарҳанги мамлакат, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 1977 ҳамасола 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1978 инҷониб ин ҷашн дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ташкили тамошои ройгони осорхонаҳо дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар Осорхона» ва дигар паҳлӯҳои фаъолияту дастовардҳои муассиса дар соли сипаригардида бо директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: -Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо барномаи анъанавии «Шабе дар Осорхона» доир менамояд. Вобаста ба таҷлили ин санаи байналмилалӣ сухан мегуфтед.

А. Ибодуллозода: — Шурӯъ аз соли 1978 ҳамасола дар ҷаҳон 18 май Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз ҳамасола дар ҷаҳон барномаи «Шабе дар Осорхона» баргузор мегардад. Аз соли 2013 инҷониб Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамасола ин барномаро баргузор менамояд.

Иқдоми «Шабе дар Осорхона» имрӯз аз соати 18:00 то 23:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, барномаҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа нигаронида шудаанд. Яъне, дар ин шаб аз тамошобини хурд то бузург вобаста ба синну сол метавонанд барои худ барномае пайдо намоянд. Дар ин шаб гӯшаҳои кишварҳои узви ИДМ ва дигар кишварҳо, ҳунарҳои мардумӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, ҳунари зарб задани сикка, чеҳраҳои таърихӣ ва дигар навъҳо пешниҳод мешаванд. Барои тамошобинони хурдсол барномаҳои ҷолиби зеҳнӣ пешниҳод мегарданд. Ҳадаф аз он инъикоси ғамхории давлат нисбат ба фароғати шаҳрвандон, макони фарҳангӣ будани осорхона ва бештар ҷалб намудани ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад. Айни замон 150 кишвари олам ва 30 000 осорхонаҳо ҳамасола ин иқдомро амалӣ менамоянд.

АМИТ «Ховар»: -Тавре медонем, Осорхона аз бисёр толорҳои зебову барҳаво иборат буда, дар онҳо нигораҳои таърихии миллати тоҷик ба маъраз гузошта шудаанд. Мегуфтед, ки соли 2021 ба фонди Осорхона чанд адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ворид гардидаанд?

А. Ибодуллозода: — Ҷамъоварии осори таърихии миллати тоҷик яке аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон буда, шурӯъ аз соли бунёди бинои нави муассиса то ба имрӯз тақрибан 20 ҳазор адад осори дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ ҷамъоварӣ гардида, дар маҷмӯъ қариб 80 ҳазор ашё ҳифз карда мешаванд. Онҳо асосан бо се роҳ ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид карда мешаванд: 1. Аз ҷониби кормандони муассиса дар ҳудуди ёдгориҳои кишвар корҳои бостоншиносӣ гузаронида мешаванд, ки осори дар натиҷаи он ба даст омада ба фонди муассиса ворид мегардад. 2. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон комиссияи махсус фаъолият менамояд, ки осори дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии аз ҷониби сокинон ва шаҳрвандон пешниҳодгардидаро харидорӣ менамояд. 3. Роҳи дигари ғанӣ намудани фонди Осорхона -ин тақдими туҳфаҳост. Аз ҷониби сокинони пойтахт, шаҳрвандони кишвар, меҳмонон ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ашёи гуногуни дорои аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа ва сабаби ғанӣ гардидани фонди тиллоии муассиса мегарданд.

Соли сипаригардида фонди муассиса бо 2511 адад ашёи осорхонавӣ, аз ҷумла 163 адад бо роҳи ковишҳои бостоншиносӣ (ёдгории «Сайёд»-и н. А. Ҷомӣ), 223 адад бо роҳи харид, 1718 адад туҳфа ва 405 адад бо роҳи мусодира мукаммал гардонида шуд.

Бо истифода аз осори воридгардида ва дигар ашёи фонди муассиса давоми як соли охир дар экспозитсияи ОМТ толорҳои нав, ба монанди «Мисгарӣ», «Кулолгарӣ», «Зарробхона», «Либоси миллӣ», «Лавозимоти ҳарбӣ» бунёд ва гӯшаҳои «Саразм», «Кушониён», «Сосониён», «Ҳайтолиён» ва «Мероси хаттӣ» мукаммал гардиданд. Ба ин восита дар як сол зиёда аз 6000 ашёи таърихӣ ба намоишҳои доимӣ бароварда шуданд.

Осорхонаи миллӣ соли сипаригардида дар асоси ашёи осорхонавӣ ҳудуди 60 адад чорабинии гуногун оид ба паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷумла 31 намоиш, 19 конференсия, семинару ҳамоиш ва курсҳои омӯзишӣ ташкилу баргузор намуд, ки дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик муассир мебошанд.

АМИТ «Ховар»: — Шурӯъ аз оғози соли сипаришуда муассиса реҷаи фаъолияти худро дигар намуд. Мегуфтед, ки бо тағйир додани реҷаи фаъолият чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?

А. Ибодуллозода: — Яке аз натиҷаҳои ин тағйирот афзоиши шумораи тамошобинон мебошад. Соли сипаришуда 85 ҳазору 104 нафар меҳмонон аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намуданд, ки аз ин шумора 80518 нафарро тамошобинони дохилӣ ва 1256 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 44 ҳазору 296 нафар шаҳрвандони дохилӣ ва 688 нафар тамошобинони хориҷӣ зиёд мебошанд.

Инчунин соли 2021 фурӯши чиптаҳои муассиса тавассути ширкати «Тикетон», ки маркази он дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад, барои шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ тариқи онлайн ба фурӯш бароварда шуд, ки ин дар таҷрибаи осорхонаҳои кишвар бори нахуст мебошад.

Ҳамзамон соли 2021 дар таърихи фаъолияти Осорхонаи миллӣ ва осорхонаҳои ҷумҳурӣ бори нахуст сайри осорхонавӣ тариқи пахши мустақим баргузор гардид, ки тавассути он як гурӯҳ муҳассилини забономӯзи гурӯҳи тоҷикӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сайри осорхонавиро аз Осорхонаи миллӣ бо пахши мустақим (онлайн) 2,5 соат тамошо намуданд. Инчунин миёни онҳо ва роҳбалад оид ба паҳлӯҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷик саволу ҷавоб сурат гирифт. Ин амал дар фаъолияти осорхонаҳои кишвар беназир буда, яке аз бузургтарин дастовардҳо дар фаъолияти осорхонаҳои кишвар мебошад. Дар робита ба ин иқдом шӯрои Амрико Осорхонаи миллиро бо “Сипоснома” қадрдонӣ намуд.

АМИТ «Ховар»: — Соли сипаригардида Осорхона барои муаррифии осори миллати тоҷик ба ҷаҳониён кадом корҳоро ба анҷом расонид?

А. Ибодуллозода: — Миллати тоҷик дар масири таърих бо расму оин, урфу одат, фарҳанги пурғановат, саҳми назаррас дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҳунармандии хеш шуҳратёр буда, то имрӯз ин ҳамаро ҳифз намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. 6 августи соли 2021 дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар доираи он Фестивали байналмилалии таомҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо истифода аз осори марбут ба ҳунари мисгарӣ, гулдӯзӣ, қуроқбофӣ, чӯбтарошӣ ва намунаҳои либоси миллӣ фазои зисту зиндагонии мардуми тоҷик ва таъриху фарҳанги куҳани ниёгонро дар сатҳи шоиста муаррифӣ намуд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — мамлакати дарёҳои тиллоӣ», ки 13 октябри соли 2021 дар Осорхонаи миллии санъатҳои Осиё “Гиме”-ишаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, саҳми назаррас гузошт. Дар ин намоиш қариб 300 адад нигораҳо аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостонии АМИТ муваққатан ба намоиш бароварда шуданд, ки феҳристи он дар матбааи Эрграф бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ нашр шуда, дастраси меҳмонон ва иштирокдорони намоиш гардид.

14 октябри соли 2021 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз фонди Осорхонаи миллӣ 50 адад экспонатҳое, ки баёнгари фарҳангу ҳунари мардуми тоҷик мебошанд, ба тамошо гузошта шуданд.

Инчунин барои муаррифии осори миллати тоҷик ба ҷаҳониён соли сипаригардида 102 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 3 монографияи кормандони муассиса, 4 дастури илмӣ-методӣ, Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон №3,4,5 (ки охирон маротиба шумораи №2-и он соли 2017 ба чоп расида буд), Феҳристи “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ”, 2 маҷмӯаи маводи конференсияҳо ва буклетҳо оид ба толорҳои намоишии муассиса рӯи чоп омаданд.

Ҳамзамон баҳри боз ҳам амиқтар таҳқиқ ва муаррифӣ намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар Осорхонаи миллӣ соли 2022 Соли рушди илм эълон гардидааст.

АМИТ «Ховар»: — Осорхонаи миллӣ ҳамчун осорхонаи марказӣ баҳри дастгирӣ ва рушди дигар осорхонаҳои кишвар чӣ корҳоро ба анҷом расонид?

А. Ибодуллозода: — Осорхонаи миллӣ ҳамчун маркази илмӣ-методӣ барои дигар осорхонаҳои кишвар дар зарфи соли сипаригардида, аз ҷумла баҳри ғанӣ гардонидани фонди дигар осорхонаҳо 216 ашёи гуногун (ба монанди мусаввара, армуғон, ашёи ҳунари мисгарӣ, кундал, зарфҳои муосир ва ғ.)-ро ба осорхонаи навбунёди н. Дӯстӣ, Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё“-и шаҳри Левакант эҳдо намуд.

Инчунин зиёда аз 100 ашёи фонди осорхонаҳои «Ҳулбук», С. Айнӣ, М. Турсунзода, Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги н. Данғара ва осори марбут ба М. Қаноат, ки барои тармим ба Осорхонаи миллӣ пешниҳод гардида буданд, аз ҷониби мутахассисони муассиса поккорӣ, тармим ва таҳким гардида, бозпас гардонида шуданд.

Дар ин давра Осорхонаи миллӣ баҳри ҷоннок намудани фаъолияти дигар осорхонаҳои кишвар чорабиниҳои муштаракро бо Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии“Маҷмааи Ҳулбук”, Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода, Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии шаҳри Турсунзода баргузор намуд.

Ҳамзамон дар Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи «Ҳифз ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ ва дар мавзӯи «Фаъолияти осорхонаҳо – мушкилот, рушд ва дурнамо» семинар доир карда шуд.

Дар ин муддат бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ аз Федератсияи Русия мутахассиси сатҳи баланд дар самти тармиму таҳкими коғаз даъват гардида, таҳти унвони «Ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо» семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони якчанд осорхонаҳои кишвар иштирок намуданд. Баргузории ин семинар баҳри беҳтар тармиму таҳким намудани осори хаттии ниёгон ва ҳифзи онҳо дар фонди осорхонаҳои кишвар нақши арзишманд дорад.

Давоми соли сипаригардида дар Осорхонаи миллӣ риштаи магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисоси PhD ташкил карда шуд. Акнун кормандони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар метавонанд аз рӯи ихтисосҳои таърих, таърих-бостоншинос, осорхонашиносӣ, бойгонишиносӣ, фарҳангшиносӣ, санъатшиносӣ, тармим ва таҳким таҳсил намуда, савияи дониши худро мукаммал намоянд. Дар Осорхонаи миллӣ фаъол гардидани риштаи магистратура ва докторантура яке аз бузургтарин дастовардҳои фарҳангӣ дар самти фаъолияти осорхонаҳои кишвар дар замони Истиқлоли давлатӣ буда, ба беҳтар намудани фаъолияти осорхонаҳои кишвар мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: — Давоми соли сипаригардида ҳамкории байналмилалии Осорхонаи миллӣ чӣ гуна арзёбӣ мегардад?

А. Ибодуллозода: — Давоми соли мазкур вохӯриҳои роҳбарияти Осорхонаи миллӣ бо сафирони Ҳиндустон, Фаронса ва Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар онҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Осорхонаи миллӣ ва осорхонаҳои ин кишварҳо баррасӣ гардиданд.

Дар натиҷа, лоиҳаи шартномаҳои ҳамкорӣ миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаҳои кишварҳои Чин, Эрон, Узбекистон, Ҳиндустон, Туркия ва “Осорхонаи вилоятии санъати тасвирӣ”-и Калинингради Федератсияи Русия омода гардида, ҳоло онҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар ин давра Осорхонаи миллӣ ба Иттиҳоди осорхонаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ташкилкунандаи он Осорхонаи миллии Чин мебошад, шомил гардид.

Ҳамзамон Осорхонаи миллӣ ба Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо (ICOM) ва Маркази байналмилалии тадқиқот оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) аъзо гардид. Узвияти Осорхонаи миллӣ ба ин ниҳодҳои байналмилалӣ дар самти фаъолияти осорхонаҳо имкон медиҳад, ки кормандони муассиса дар чорабиниҳои мухталифи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, аз комёбиҳои осорхонаҳои пешрафтаи дигар кишварҳо огоҳ гардида, савияи дониши худро ғанӣ намоянд. Дар умум, Осорхонаи миллӣ дар зарфи соли сипаригардида дар самти ҳамкории байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

АМИТ «Ховар»: — Ҳадафи осорхонаҳо ба тарбияи маънавии тамошобин таъсир расонидан ва муаррифии таъриху фарҳанги миллатҳои гуногун ба ҷаҳониён аст. Мегуфтед, ки Осорхонаи миллӣ барои расидан ба ин рисолат дар оянда кадом корҳоро амалӣ менамояд?

А. Ибодуллозода: — Маҳз ёдгориҳои дар осорхона гирдоварда аз таърихи сиёсию иҷтимоии давлатдории ниёгон, ҳунармандӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ шаҳодат медиҳанд.

Ҳамчун муассисаи илмӣ — фарҳангӣ фаъолияти осорхона вижагиҳои худро дошта, ба донишомӯзӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, зебоипарастӣ, муаррифии таъриху фарҳанги ҳар халқу миллат ба ҷаҳониён, гиромидошти арзишҳои миллӣ, арҷгузории фарҳанги бостонӣ ва тарбияи маънавии тамошобинон равона шудааст. Хосияти дигари осорхона- тарбияи маънавии тамошобин аст, ки ин амал ба воситаи баргузории экскурсияҳо, намоишҳо, вохӯриҳо, конфронсҳо, нашри маводи илмӣ-таърихӣ, таблиғи забон ва либоси миллӣ сурат мегирад. Экспозитсияи осорхона метавонад дар ниҳоди тамошобин шавқи донистани таърих, ташаккули ҷаҳонбинии илмию сиёсиро ривоҷ дода, дар тарбияи ахлоқии шахс саҳм гузорад.

Албатта, ҳама гуна осорхона якбора шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо накарда, солиёни зиёд лозим аст, ки миёни дигар осорхонаҳо ҷойгоҳи хоси худро касб намоянд. Барои ба ин ҳадаф расидан мебояд чунин корҳои тахассусиро ба сомон расонид: ба намоиш гузоштани ёдгориҳои аслии осорхонавӣ, ҳифз ва тармиму таҳкими нигораҳо, пешбурди сайри осорхонавӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ, нашри китобу дастурҳои соҳавӣ, таҳияи мақолаҳои илмӣ, ширкат дар конфронсу симпозиумҳои илмии ҷаҳонӣ ва экспедитсияҳои мардумшиносию бостоншиносӣ, мавҷудияти мутахассисони касбии соҳавӣ ва ғайра. Барои амалӣ намудани ин омилҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон замина ва шароити мусоид муҳайё буда, роҳбарият ва кормандони илмии он дар оянда ҷаҳд менамоянд, ки тавассути фаъолияти пурсамари касбии худ дар радифи осорхонаҳои бузурги ҷаҳонӣ мақому мартабаи хос пайдо намоянд.

АМИТ «Ховар»: — Ташаккур барои суҳбат.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво