29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳамкории осорхонаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

132
2 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо директори Осорхона-мамнӯъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд Самариддин Мустафоқулов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Шартномаи мазкур дар доираи сафари хизматии директори Осорхона ва кормандони он ба Узбекистон ва иштироки онҳо дар вохӯрии чоруми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри «Мероси муштараки Роҳи Абрешим», ки 3-4 март дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ба имзо расид.

Намоишгоҳи мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон — ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо» ташкил мешавад.

Ҳадафи ба имзо расонидани шартнома — ин густариши ҳамкории осорхонаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкории илмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои гуногун мебошад. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин осорхона махсусан дар самти илм шароит фароҳам меорад, ки дастовардҳои илмии осорхонаҳои ҳамдигар истифода ва дар рушди самтҳои дигари фаъолияти осорхонаҳо саҳми назаррас гузошта шавад.

Бояд гуфт, ки Осорхона-мамнӯъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд соли 1874 таъсис ёфта, 8 осорхона, 6 ёдгории таърихӣ ва 4 зиёратгоҳро дар бар мегирад. Фонди осорхонаи мазкур беш аз 210 000 нигора дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво