24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар барномаи «Шабе дар Осорхона» ба намоиш гузошта шуд

148
Дар ростои эълон гардидани соли 2021 «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо чорабинии «Шабе дар Осорхона» баргузор гардид. Барнома зери унвони «Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ» пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд. Дар доираи ин барнома дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо истифода аз расмҳои рангаи ҳаҷман калон ва амсилаи биноҳои истиқоматӣ ва маъмурию иҷтимоӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Мусаллам аст, ки ҳунари меъморӣ ва шаҳрсозӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, бозёфтҳои таърихии ҳудуди кишвар баёнгари он ҳастанд, ки мардуми тоҷик аз давраҳои қадим шаҳрсозу шаҳрнишин ва бунёдкор будаанд. Имрӯз халқи тоҷикро ҷаҳониён ҳамчун мардуми бунёдкор ва созанда шинохтаанд. Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар барномаи «Шабе дар Осорхона» ба намоиш гузошта шудДар робита ба ин инъикоси ин соҳа дар ин чорабинӣ муҳим ва хеле зарурӣ буд. Меъмории ниёгони мо як ҷузъи муҳими меъмории муосири мимллатамон буда, дар заминаи он меъмории оянда офарида мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Асри 21, асри меъмориву бунёдкорӣ ва пешрафтҳои бузурги миллати мо хоҳад гардид». Дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе биною иншооти зиёди муосир сохта ба истифода дода шудаанд, ки сокинони мамлакат бо тамошои он бо даствовардҳои пешрафтаи меъморӣ ва сохтмон дар пойтахт ошноӣ пайдо намуданд. Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар барномаи «Шабе дар Осорхона» ба намоиш гузошта шуд

Ҳадафи асосии осорхонаҳо – ин ҷалби ҳарчи бештари тамошобин ва ба ин роҳ боз ҳам бештар муаррифӣ намудани осори таърихӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1977 –ум 18-май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо(International Museum Day) таҷлил мегардад. Аз соли 2005-ум дар ин рӯз чорабинии «Шабе дар Осорхона» дар Тоҷикистон баргузор мегардад.Мақсади асосии иқдоми мазкур ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон, алоқамандон, махсусан ҷавонон, барои шинохти мероси бою пурғановати таърихию-фарҳангӣ мебошад.
Иқдоми «Шаби осорхонаҳо» ба монанди Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон низ мақоми хосаеро касб кардааст. Имрӯзҳо саҳми Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ назаррас буда, ба воситаи чунин чорабиниҳо аз ҷумла, «Шабе дар Осорхона» ҷавонон бештар ба намоишҳои фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд, ки ин боиси баланд бардоштани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ, ватандӯстию инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ гардида, онҳоро масъулиятшинос ва ташаббускор менамояд.
Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар барномаи «Шабе дар Осорхона» ба намоиш гузошта шуд
Имрӯз осорхонаҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаҳои маърифативу равшангароӣ дар ҳифзу нигаҳдошт, бозшиносиву муаррифии ашёи гаронбаҳои мадании халқи тоҷик саҳми босазо мегузоранд. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ 99 осорхона, аз ҷумла 1 Осорхонаи миллӣ, 8 осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 3 осорхонаи вилоятӣ, 51 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 24 осорхонаи вазорату идораҳо, 11 хона – осорхона ва 1 бойгонии фарҳангӣ мебошад.
Ҳарчанд раванди таъсиси нахустин осорхонаҳои кишваршиносиву таърихӣ дар ҷумҳурии мо миёнаи солҳои 30 – юми асри XX, яъне замони истиқрори Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ шуда бошад ҳам, дар замони Истиқлолият ин ҷараён равнақи бештар гирифт. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат осорхонаҳои зиёде бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки феълан сокинони ҷумҳурӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2006 таъкид намуда буданд: «Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии мамлакатамон аст. Зиёда аз ин ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангорангии осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст».
Дастовардҳои меъмории Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар барномаи «Шабе дар Осорхона» ба намоиш гузошта шуд
Дар минтақаҳои гуногуни мамлакат осорхонаҳои зиёде бунёд шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд. Аз ҷумла, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Файзобод, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Ҳисор, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Турсунзода, Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳри Гулистон, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи таърихии вилояти Хатлон, Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров, Осорхона–мамнӯъгоҳи бостоншиносии Панҷакент, Осорхона–мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии «Ҳулбук», Маҷмааи ҷумҳуриявии осорхонаҳои таърихию кишваршиносии шаҳри Кӯлоб ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Марзия Саидзода.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво