28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар бахши осорхонаҳо тақвият мебахшанд

141
4 март директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо директори Осорхонаи давлатии таърихи Узбекистон Ҷаннат Исмоилова баҳри рушди ҳамкории осорхонавӣ шартнома ба имзо расониданд. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Шартномаи мазкур дар доираи вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри «Мероси муштараки Роҳи Абрешим», ки рӯзҳои 3 ва 4 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд, ба имзо расид.

Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи давлатии таърихи Узбекистон дар тобеи худ 4 осорхона дорад.

Ба имзо расонидани шартномаҳо бо осорхонаҳои Узбекистон ба рушди ҳамкории осорхонаҳои ду мамлакат, аз ҷумла дар самти ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, тармиму таҳким, омӯзиш ва муаррифии осори таърихӣ мусоидат намуда, барои боз ҳам амиқтар омӯхтани таъриху фарҳангҳои ҳамдигар замина фароҳам меоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Узбекистон зиёда аз 300 осорхона фаъолият намуда, 20 адади онҳо дар шаҳри Тошканд ҷойгир мебошанд.



АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво