27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамоиши Созмони умумиҷаҳонии савдо иштирок намуд

205
Вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ дар ҳамоиши Созмони умумиҷаҳонии савдо иштирок намудИмрӯз муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дар кори ҳамоиши омӯзиши парлумонии серӯза, ки бо ташаббуси Созмони умумиҷаҳонии савдо, Маркази тадқиқоти муносибатҳои бисёртарафа (МТМБ) ва Мактаби тадқиқоти байналмилалии Раҷаратнам (МТБР) ба таври реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар рӯзномаи ҳамоиш «Вазъи иқтисодиёти глобалӣ баъд аз COVID-19, тағйирёбии иқлим», «Назари кишварҳои минтақаи уқёнуси Ором оид ба иқтисодиёти ҷаҳон дар давраи баъд аз COVID-19 ва нақши тарафҳои манфиатдор дар он», «Ояндаи Созмони умумиҷаҳонии савдо дар тӯли дувоздаҳ моҳи наздик ва баъд аз он» баррасӣ гардид.

Мақсади ҳамоиш- баланд бардоштани имконият ва қобилияти қонунгузорони минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба савдои байналмилалӣ мебошад. Он дарки ҷуқури масъалаҳоро вобаста ба СУС, масъалаҳои баҳсталаби ҷорӣ ва баъдинаро вобаста ба савдои беруна дар бар мегирад.

Иштироки вакилони парламентҳо дар ин ҳамоиш аз манфиат холӣ намебошад, чунки дар самти фаъолияти қонунгузорӣ вакилон созишномаҳои байналмилалиро баррасӣ ва тасдиқ менамоянд, инчунин татбиқи ҳамаи созишномаҳои дар сатҳи байналмилалӣ ба имзорасидаро кафолат медиҳанд.

Азбаски ҳамоиши мазкур намояндагони тамоми минтақаро дар бар мегирад, он ҳамчунин ба иштирокчиён имкони мукотиба ва ҳамкорӣ намудан медиҳад. Дувоздаҳ сол мешавад, ки чунин ҳамоишҳо барои вакилони парламентҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором баргузор мегарданд.

Аввалин чунин ҳамоиш моҳи июни соли 2009 баргузор гардида буд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво