19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Маҷлиси намояндагон роҳҳои баланд бардоштани сифати таълимро баррасӣ карданд

263
Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконоти нави технологӣ, умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман ба сифати рушди устувори маориф, ташкили ҷараёни мураттабу босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён ва дар маҷмӯъ, ба сатҳи саводнокии миллат алоқаи ногусастанӣ дорад.

Ин матлабро узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода дар ҳамоиши машваратие, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ» баргузор гардид, баён намуд.

Ғиёсиддин Шарифзода доир ба қонунгузории мамлакат дар самти маориф ва илм сухан гуфта, самти маорифро аз муҳимтарин соҳаҳои ҷомеа маънидод намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳамоиши мазкур таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ сурат гирифта, он дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон баргузор шуд.

«Дар ҳамоиш вакилони мардумӣ аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, инчунин дигар намояндагони вазорат иштирок намуданд. Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ва илм, чораҳои муҳими амалишуда дар роҳи татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди маориф ва нақшаву барномаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоту норасоиҳои соҳаи маорифи мамлакат ба вакилони мардумӣ гузориши муфассал дод»,-афзуд манбаъ.

Дар фарҷоми маърӯзаҳо намояндагони Вазорати маориф ва илми мамлакат ба саволҳои вакилони мардумӣ посух гуфтанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво